Фахриддин Ҳакимов: Диламро шикастанд
Чанд моҳ қабл дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳову суратҳои ӯ чарх мезаданд. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва берун аз он бо арзи муҳаббату садоқат перомуни ӯ ҳарф зада, бо дилу ҷон дуъо мекарданд, ки дар барномаи байналхалқӣ пирӯз шавад. Сухан дар бобати яке аз ҷавонони хоксору кушодчеҳра, соҳибистеъдоду хушсухан Фахриддин Ҳакимов меравад, ки соли гузашта дар барномаи “Ну – ка все вместе” ширкат варзида, тамоми дӯстдорону савту наворо мафтун кард. Довари озмун 100 нафар ҳунармандони маъруф бо сарварии сарояндаи машҳури Руссиё Сергей Лазарев буданд ва он иштирокчие, ки сурудаш ба онҳо писанд меомад, ҳамовозӣ мекарданд. Дар мавриди Фахриддин борҳо 91 нафар ситораҳои санъати варзидаи рус аз ҷой бархоста, бо ӯ ҳамовозӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ба финал роҳ ёфт. Зикр кардан ҷоиз аст, ки ровии барнома “Овози тиллоии Руссиё”, ҳунарманди беҳтарине, ки дар тамоми дунё шуҳратёр аст, Николай Басков буд ва Фахриддинро пайваста бо суханҳои нек дастгирӣ мекард. Дар он озмун на танҳо ба овоз, ҳатто ба тарзи либоспӯши, маҳорати актёрӣ, тарзи пешкаш намудани мусиқӣ низ доварон баҳо медоданд. Фахриддин Ҳакимов тамоми зинаҳои озмунро маҳз бо меҳнати сангину бо истеъдоди волояш тай намуд. Дар ҳар як бахши озмун маълум мегардид, ки Фахриддин аз болояш кор кардааст ва ҳар бор омодагиаш беҳтар аз бахшҳои пешина буд, ки аъзои ҳакамон таҳсину офаринаш мехонданд. Рӯзе, ки тамоми мухлисони ин овозхон бесаброна интизорӣ мекашиданд, финали озмун буд. Фахриддин аллакай барои тамоми мардуми тоҷик ба ҳайси ғолиби озмун қарор дошт, танҳо мунтазир буданд, ки натиҷаи озмун низ маҳз аз рӯйи диди онҳо ҷамъбаст гардад. Гарчанде шоҳҷоиза насиби дигар ширкаткунанда гардид, аммо Фахриддин Ҳакимов барои ҳамаи мухлисонаш ғолиби озмун эътироф гашт. Зеро ҳамаи мо шоҳид будем, ки дар рафти озмун чӣ қадар душвориҳоро паси сар кард, ҷидду ҷаҳде, ки Фахриддин мекард, аз тарафи тамоми дӯстдоронаш хуб қабул мешуд. Аслан, мардум на танҳо мафтуни истеъдоди нотакрори ӯ, балки маҷзуби тарбияи баланду хоксории ӯ низ гардиданд, зеро ӯ фарҳанги волои муносибату муоширатро хеле хуб медонад. Фахриддин дар барнома зикр карда буд, ки “ Мутаассифона, тоҷикони моро ҳамчун коргару сохтмончӣ эътироф менамоянд, аммо ман мехоҳам исбот кунам, ки тоҷики ҳақиқӣ метавонад саҳнаҳои бузургро фатҳ намояд. Ман саъй хоҳам кард, ки суруди маро дар тамоми дунё гӯш кунанд ва номбардори Тоҷикистони азизам гардам”. Фахриддин бо забони русӣ он гуна ҳарф мезанад, ки гӯё забони модариаш бошад ва борҳо шоҳиди он гардидаем, ки бо забони англисӣ низ сурудҳо мехонад. Қисми зиёди мухлисони ӯро мардуми русзабону англисзабон низ ташкил медиҳанд, зеро сарояндаи забондону сухандон пайваста сарбаланд хоҳад шуд. Чун дар инстаграм мухлисони бешумор пайрави ӯ ҳастанд, аз мо хоҳиш намуданд, ки бо ин сарояндаи хушовоз сӯҳбате ороста бошем. Инак, онро пешкаши дӯстдорони санъаташ мегардонем.
- Фахриддини гиромӣ! Мояи ифтихор аст бо Шумо ҳамсуҳбат шудан... Вақте ки дар барномаи “Ну - ка все вместе” ширкат меварзидед, мо низ пайваста Шуморо мухлисӣ мекардем. Маҳз тавассути ҳамон барнома бароямон маълум гардид, ки дар Тоҷикистони мо ин қадар сарояндаи соҳибистеъдод умр ба сар мебурдааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ тавонист, ки обрӯи кишварро баланд бардорад. Хуб мешуд, ки камтар дар бобати ҳаёт ва фаъолияти худ баҳри мухлисонатон маълумот медодед.
- Сипоси бепоён. Ман низ шод ҳастам, ки мухлисони азизам дар бобати ман донистан мехоҳанд. Ман, 29 -уми августи соли 1991 дар шаҳри Истаравшан чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Дастпарварди мактаби миёнаи рақами №2 ҳастам. Соли 2013 ба коллеҷи педагогии Иркутск, бахши “санъати эстрадӣ” шомил гардидам. Ҳангоми таҳсил бо якчанд сабабҳо, вақте ки донишҷӯи курси дуюм будам, ( солҳои 2014 -2015) дар қисми ҳарбии 10103- и Руссиё хизмат намуда, сипас хонишамро идома бахшидам ва соли 2018 коллеҷро сарбаландона хатм кардам. Модарам соҳибхоназан ва падарам ронандаи автобус ҳастанд. Ҳарчанд, ки мо шаҳрванди Федератсияи Руссиё бошем ҳам, пайваста дар ёди Ватани азизамон ҳастем. Аслан, ман номзад ба унвони устод дар муҳорибаи юнонӣ -римӣ мебошам. Борҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, дастболо гардидаам. Ҳангоми варзиш карданам, танҳо барои худ суруд мехондам, вале баъди он ки сутунмӯҳраам лат хӯрд, пурра ба мусиқӣ рӯй овардам. Фикр мекунам, ки мусиқӣ бароям чун ҳавое аст, ки нафас мекашам. Соли гузашта, ҳангоми дар барномаи “Ну- ка все вместе” ҳунарнамоӣ кардан, эҳсос менамудам, ки чӣ қадар ҳамватанони азизам маро дастгирӣ менамоянд. Ҳар як овози онҳо бароям пару бол ва нерӯи нав мебахшид. Ман мадюни муҳаббатҳои онҳо ҳастам.
- Шумо бо забони русӣ хеле зебову равон ҳарф мезанед. Шахсе, ки бо Шумо ҳарф мезанад, фикр мекунад, ки бо руси асил суҳбат дорад. Чӣ гуна забони русиро омӯхтед?
- (Механдад). Медонед? Ман 16 – сола будам, вақте ки баъди хатми синфи 9 ба Иркутск кӯч бастем. Дар он вақт комилан забони русиро намедонистам ба ҷуз калимаҳои элементарии “Здравствуйте”, “Спасибо”. Як рӯз дар истгоҳ истода будам, ки як пиразани рус омада аз ман чизеро пурсид, аммо дар посух ман табассум мекардаму чизе гуфта наметавонистам. Шояд фикр карда бошад, ки ягон девона ҳастам. Ҳангоме, ки ба машқ мерафтам, намефаҳмидам, ки устоди варзиш чӣ мегуяд. (механдад). Аммо бо дастгирии дӯстонам, ки ҳамроҳ машқ мекардем, забони русиро омӯхтам. Варзиш ва дӯстӣ ба ҳама кӯмак менамояд!
- Ҳангоми ширкат дар озмун, ба назар чунин мерасид, ки Шумо дили на танҳо мухлисон, балки доваронро низ ба даст овардаед. Қувваи чозибаи Шумо нихоят баланд буд, ки кулли тамошобинону шунавандагонро мафтуни таронахоятон мекард. Ҳатто “Садои тиллоии Руссия” Николай Басков дар барномаи “Привет, Андрей” нисбат ба Шумо суханҳои нек гуфта буд. Оё баъд аз озмун низ бо онҳо робита доред, ё не?
- Медонед, иштирокчии озмун чунин аст: Ҳангоми ширкат дар озмун ҳама шуморо мешиносаду ҳар як қадами шуморо пайгирӣ мекунад, вале чун ба интиҳо мерасад, фаромӯшатон мекунад. Николай Басков ситора аст ва баъди озмун, албатта, ки дигар робитаҳо қатъ гардиданд. Вале дар ҳақиқат, бароям мояи ифтихор буд, ки ҳунармандони асил чун Николай маро дастгирӣ менамуданд.
- Агар хато накунам, бештар ба сурудҳои Алексей Чумаков таваҷҷӯҳи зиёд медиҳед. Оё аз сарояндаҳои тоҷик касе ба Шумо писанд аст?
- Не, чаро? Албатта, сурудҳои зиёди Алексейро бозхонӣ кардаам, вале репертуари ман васеъ аст. Аз эҷодиёти Меладзе, Панайотов, ҳунармандони машҳури Ғарб ба мисли Scorpions, Sam Smith, Freddie Mercury низ зиёд месароям. Дар мавриди ҳунармандони тоҷики худамон чӣ гӯям? Ростӣ, фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон ҳунарманде нест, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур бошад. Масалан, Арашро бинед. Ҳарчанд, ки ӯ бо забони форсӣ месарояд, ӯро дар Шарқу Ғарб мешиносанд. Дар Тоҷикистони мо ҳофизони хуб зиёданд, аммо мехоҳам, ки сурудҳои онҳоро на танҳо дар Афғонистону Покистон, балки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон низ гӯш кунанд. Ҷонибек Муродов низ кӯшишҳое дорад, ки дар Украина мухлисони худро пайдо намояд, боварӣ дорам, ки ӯ низ рӯзе муваффақ мегардад. Дар мавриди ҳофизи писандидаам чӣ гӯям... Бештар сарояндагони хориҷи кишварро гӯш мекунам. Масалан, падарам сурудҳои тоҷикиро низ гӯш мекунанд ва бештар Садриддини Наҷмиддин барояшон писанд аст. Аммо ман ягон ҳофизро мухлисӣ намекунам.
-Бо кадоме аз сарояндагони машҳур мехоҳед, ки дуэт сароед?
- Агар манзуратон ҳунармандони маъруфи дунё бошад, бо Фадеев, Чумаков Эмин. Аз сарояндаҳои нав мехоҳам бо Jony ҳамкорӣ намоям. Аз сарояндаҳои ҷинси зан мехостам бо Анни Лорак ва Гагарина якчоя суруд сароем.
- Дар мусоҳиба бо Андрей гуфтед, ки номзад ба устод дар муҳорибаи юнонӣ -римӣ ҳастед. Боз ба кадом намуди варзиш майл доред.
- Бале, ман варзишро бениҳоят дӯст медорам. Чӣ хеле ки медонед, ман ба варзиш ба таври профессионалӣ машғул будам. Ба футбол, воллейбол ва амсоли инҳо на он қадар рағбат дорам . Бокс, гӯштингирӣ ва амсоли инҳо ба ман маъқул аст.
- Шумо барои кулли мардуми тоҷик ҳамеша пирӯзу аввалин хоҳед монд. Дар воқеъ, осон нест, ки дар байни устодони бузурги санъат бо овози зинда ҳунарнамоӣ кардан... Фикр мекунам, ки баъди фарҷоми озмун ба Шумо пешниҳоди ҳамкориҳо зиёд шудааст. Оё дар нақша доред, ки боз ба озмунҳо ширкат варзед?
- Бале, баъди фарҷоми озмун бароям пешниҳоди ҳамкориҳо зиёд буданд. Аммо мутаассифона, аз Тоҷикистони худамон дилсард шудам. Гуфтанд, ки маро ба консерте, ки бахшида ба рӯзи Истиқлолияти ҷумҳурӣ баргузор мегардад, даъват менамоянд ва ман дар он ҷо ширкат мекунам. Дар муддати 2 моҳ маро ба ҷону ҳолам нагузошта, сарамро банд карданд, аммо вақте ки ба консерт рӯзҳои башумор монда буд, хабар доданд, ки ба Тоҷикистон омадани ман лозим нест. Кадоме аз масъулони консерт ширкати маро бекор кардааст...... Ростӣ, хеле мехостам, ки дар саҳнаи калон, пешоруи мухлисони азизам, дар Ватани азизам ҳунарнамоӣ кунам, вале афсӯс... Ҳамин қадар будааст қадри санъаткор. Ман чизе намегӯям, вале медонед, ҳарчанд, ки ғолиби озмун нашудам, вале финалист гардидам. Аз номи Тоҷикистони худам баромад кардам ва дар оянда низ иштирок хоҳам кард. Гап дар сари он ки аз боварии ман сӯйистифода карданд. Ман итминон дорам, ки дар ояндаи наздик боз пешниҳодҳо мешаванд, вале дар он вақт посухи ман дигаргун хоҳад шуд... Дар мавриди озмун гуфтаниям, ки ин аввалину охирин ширкати ман нест. Ҳатман ба озмунҳои байналхалқӣ иштирок карда, Ватани худамро муаррифӣ хоҳам кард.
- Фахриддини гиромӣ, фикр мекунам, ки баъзан иштибоҳҳо низ мешаванд... Умедворам, ки дар оянда Шуморо дар саҳнаи тоҷик низ мебинем. Барои ин гуна сӯҳбати озоду самимӣ ҷаҳони сипос ба Шумо- ҳофизи ширинсадо! Барои мухлисони азизатон чӣ гуфтаниҳо доред?
- Саломат бошед. Ҳатман ҳамкориҳоро ифтитоҳ мебахшем. Ба мухлисони азизам гуфтаниям, ки ҳамеша аз пайи орзуи худ раванд. Ҳаргиз ба қувваи худ шак накунанд, танҳо ба пеш майл намоянд. Ҳатто агар тамоми мардуми олам бар зидди шумо барояд ва гӯяд, ки “наметавонӣ”, тасмим гиред, саъй кунед ва гӯед, ки “МЕТАВОНАМ”, он гоҳ дар ҳақиқат пирӯз хоҳед шуд. Ман то имрӯз бештар ба бозхонӣ кардани сурудҳои ҳунармандони маъруфи дунё майл доштам, акнун вақте расидааст, ки сурудҳои худамро сабт намоям. Барои кулли мухлисонам таманно менамоям, ки пайваста сарбаланду шодком бошанд.
- Ҷаҳони сипос ба унвони азизи Шумо, бародари иззатманд. Мо низ таманно меварзем, ки то абад нусратёр бошед ва дар саҳнаҳои калонтарини дунё ҳунарнамоӣ кунед!
- Ташаккури зиёд. Обод бошед!