Фараҳманд Каримов аз мухлисонаш УЗР мепурсад
Нравится артист?
Да (0%)
Нет (0%)
Дуруд ба унвони азизи хамаи шумо, хонандагони азизи сомонаи www.hit.tj. Хузури муборакатон — болои дида! Ба нишонии мо паёмакҳои зиёд меоянд ва ба рости мояи сарбаландиву сарафрозии мост, ки Шумо сомонаи моро мехонед ва чизе дархост менамоед. Воқеан, хушбахт онест, ки кораш ба касе писанд меояд, пас мо низ пайваста саъй хоҳем кард, то барои истифодабарандагони азизи сомона чизе матраҳ созем. Бо дархости сершумори Шумо, тасмим гирифтем, ки бо яке аз сарояндагони маҳбубе, ки берун аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафарро шефтаву мафтун гардонидааст, суҳбат ороем. ФАРАҲМАНД КАРИМОВ – шояд чандин сол қабл танҳо дар доираи дӯстону пайвандон бо ҳунари волояш маъруф буд, аммо имрузҳо наметавон нафареро пайдо кард, ки исми ӯро нашунида бошад. Барои назарсанҷӣ аз кӯдаки хурде пурсон шудем: “Оё Фараҳмандро мешиносӣ?”, посух дод: “Ҳааа, оҳи дили зорро мегӯед?”. Воқеан, посухи аҷибу дар мавриди худ саҳеҳ. Маҳз тавассути ҳамин суруд, ки Фараҳманд “рэптарона” унвонаш додааст, тавонист, ки дили ҳазорон нафарро такон диҳад ва ба ҳайси маҳбубтарин сароянда қарор гирад. Бештари мардум дар он ақидаанд, ки “ин тарона боис шуд, ки ӯ ба дунёи санъат ворид шавад”, аммо на! Фараҳманд қабл аз ин ҳам бо суруд нафас мекашид ва зарабони қалбаш ҳамнавои мусиқӣ метапид. Ӯ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Овози тиллоӣ” (2012) буда, ҳамчунин дар озмуни байналхалқии “Turkce olimpiatlari“ (2012) дар байни кишварҳои бешумори Осиёи Миёна мақоми дуюмро касб кардааст. (Дар озмун таҳти номи Farahmand Parvezzod ширкат варзида, суруди “Beyaz mendil”* – ро сурудааст, ки линки онро дар зер меорем). Инчунин, дар маҳфилҳои “Як шеър, як тарона” (2013) бо суруди “Шоир”, маҳфили шеъри устод Фарзона (2014) бо суруди “Ҳама гул, ҳама тарона”, маҳфили шеъри устод Озарахш (2016) ҳунарнамоӣ карда, аллакай дар ҳамон давр мухлисони худро пайдо намудааст. Баъди таронаи “Оҳи дили зор”, ки дар шабакаи ютуб дар зарфи 1 моҳ 1 миллион тамошобини худро дарёфт ва мп3 -и он дар тамоми сомонаҳо, сипас ба тамоми телефонҳову роёнаҳои мардуми тоҷик паҳн гардид, Фараҳманд яке аз серхаридортарин ҳофиз шуд. Суруди мазкур, ки ҳамроҳи ҳофизи ширинсадо Исмоилҷон Исмоилов сароида шуда буд, пайравони зиёд пайдо карда, мардум ба 2 гурӯҳ ҷудо шуданд: яке Фараҳмандро беҳтар медонисту дигаре Исмоилҷонро, ҳатто дар шабакаҳои одноклассники перомуни он баҳсҳои шадид мегузашт, кор ба ҷое расид, ки мардум ҳардуи онҳоро “аз дарди ишқ вафот карданд” – гӯён паҳн карданд ва ҳамин минвол, таваҷҷӯҳи мухлисон рӯз аз рӯз меафзуд. Нахуст, Фараҳмандро гурӯҳи “Duston promotion group” таҳти роҳбарии Сарбоз Сафаров продюссерӣ мекард ва сипас ҳамкории ӯ бо ширкати “Panjshermedia” бо сарварии Элмурод Махсумов ифтитоҳ ёфт, ки то ҳол ташкилкунандаи консертхову сабткунандаи клипхои у маҳсуб меёбад.
-Фараҳманди азиз, бештари мардум мегӯянд, ки Фараҳманд зодаи Душанбест, дигаре фикр доранд, ки аз Кӯлоб ҳастед, сеюмӣ арз мекунад, ки “На! Ӯ хуҷандист”. Дар ин бобат чӣ мегӯед?
— Ростӣ, ман низ ин гуна суханҳоро дар ҳаққи худ зиёд шунидаам. Аз шунидани онҳо, дар воқеъ, фараҳманд мешавам. Масалан, Мавлоноро ҳам мардуми Шарқ ва ҳам мардуми Ғарб аз худ медонанд, барои он ки ӯ ҷаҳонист. Шоирест, ки тамоми ҷуғрофиёро шикастааст. Албатта, Мавлоно уқёнус асту мо қатраи об. Далели мисол овардани ӯ дар он аст, ки яъне маълум мешавад, ки ман низ ба касе таъсир гузоштаам. Агарчанде, ки мардуми азизи Ватанам маро ҳамшаҳри хеш меҳисобанд, ман эшонро ҳамдилу ҳамнафасу ҳамҷон мешуморам. Аслан, ки зодаи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Урметан ҳастам, чандин сол аст, ки муқими шаҳри Хуҷанди бостонӣ буда, дар ҳамон ҷо таҳсил намуда, дар ҳамон ҷо фаъолият бурда истодаам.
— Мегӯянд, ки ашхоси дар моҳи май тавлидёфта, шахси санъатдӯст мешавад. Чун гороскопи ин гуна шахсҳо “близнецы” аст.
— Ҳама чиз дар дасти Фариди ҷонсозу ҷаҳонсоз аст. Ҳаргиз ба ин гуна чизҳо боварӣ надорам ва намехонам. Танҳо онро медонам, ки Худованде, ки ҷони моро сириштааст, худаш медонад, ки ба қалби мо чиро ҷой диҳад. Агар ин суханҳо рост мебуданд, пас тамоми сарояндагони дунё ва дӯстдорони санъат дар моҳи май ба дунё меомаданд.
— Дар зери тамоми наворҳои Шумо қариб, ки беш аз 10000 шарҳҳо навишта мешаванд. Дар шарҳҳои охирин қисми зиёди мухлисон хоҳиш кардаанд, ки танҳо дар жанри “рэптарона” суруд хонед. Фикри Шумо дар ин бобат?
— Ба фикри ман, санъаткори асил бояд саъй намояд, ки дар тамоми жанрҳо суруд хонад. Жанри “рэптарона”, албатта хуб аст, аммо он танҳо барои доираи маҳдуди шунавандагон пешбинӣ карда шудааст. Меҳвари асосии онҳо ишқу дарду ғам аст ва шояд аз ин лиҳоз, барои кулли ошиқон писанд аст. Устод Фарзона мегӯянд, ки “Вазифаи дил – ошиқ шудан аст. Агар дил аз рӯи вазифаи худ кор накунад, зангор мебандад ва аз кор мебарояд”. Ман хоҳиши мухлисонамро ба инобат гирифта, чанд рӯз қабл таронаеро таҳти унвони “Бехабар” пешкаш намудам. Навори онро метавонанд аз канали “Panjshermedia” (ютуб) тамошо кунанд. Лекин, саъй менамоям, ки худро дар тамоми жанрҳо санҷам. Чунки ҳар яки онҳо шунавандаи махсуси худро дорад.
— Дар мавриди клип чӣ назар доред? Бархе аз сарояндагони мо дар клипҳояшон духтаракони моҳчеҳраву ҳар гуна рақсу бозиҳои аз меъёри одоб берунро намоиш медиҳанд. Ба фикри Шумо клип барои шуҳрат пайдо намудани суруд нақш мебозад ё не?
— Вақте ки таронаи “Оҳи дили зор” – ро пахш кардем, танҳо дар шакли мп3 буд. Бидуни клип тавонист, ки 1000000 шунаванда пайдо намояд. Сурудҳои минбаъда низ вақте ки пахш мешуданд, мардум худашон порчаеро аз филми дӯстдоштаашон бурида, бо он пайванд мекарданд, ки онҳо низ тамошобини сершумор доштанд. Ба фикри ман, сюжети клип бояд бо суруд мувофиқ ояд. Андеша дорам, ки сароянда чӣ қадар ки ботамкин бошад, ҳамон қадар эҳтироми мардумро сазовор мешавад. Дар мавриди худам, кӯшиш менамоям, ки клипҳоям дар меъёри одоб сабт шуда, барои тамошобинони синну солашон, диду афкорашон гуногун мувофиқ ояд.
— Барои чӣ бештари шеърҳои Шуморо устод Озарахш менависанд. Мегӯянд, ки эшон яке аз хешовандони наздикатон ҳастанд, ҳамин сухан асос дорад?
— Бале, устод дар ҳақиқат амаки ман ҳастанд. Он кас аллакай аз давраҳои хурдиям ба истеъдоди ман бовар мекарданд ва пайваста ҳодиву роҳнамоям буданд. Дар тамоми маҳфилҳои шеъру тарона маро низ ба мардум муаррифӣ менамуданд. Он суханҳое, ки дар дилам дорам ва он дардҳоеро, ки дар худам мепарварам, тавассути шеърҳои он кас иброз мекунам. Яъне, агар ман шоир мебудам, маҳз ҳамин гуна менавиштам…
— Агар шоир мебудед? Ана ба даст афтодед! Оё шеър ҳам менависед?
— Шеъргуна ҳам менависам, аммо хонандааш танҳо худам. Бештаре аз сурудҳое, ки сароидаам, (“Булҳавас наям”, “Бехабар”, “Ғарибӣ”, “Модар”, “Ҷонона” ва амсоли инҳо) ба устод Озарахш пешниҳод мекардам, то аз рӯйи ҳамон шеър нависанд. Ҳар кас дар ҳаёт рисолати худро дорад. Ба андешаи ман, рисолати ман – мусиқист.
— Дар шеърхонӣ низ беҳамто будаед, маҳорати актериатон ҳам дар сатҳи олист. Навореро дидам, ки дар дастаи ҳозирҷавобон низ ширкат варзидаед, ки он ҳам хеле моҳирона иҷро карда шудааст. Боз чиро дар бораи Шумо намедонем?
— Варзишро дӯст медорам, беш аз ҳама футболбозиро. Ҳамчунин, бароям Ufc маъқул аст.
— Оҳҳооо, ана ин бароямон як навгонӣ! Шумо тарафдори Ҳабиб ё Конор?
— Бе ягон гап — Ҳабиб!
— Дирӯз Ҳабиб дар мусобиқаи Ufc ғолиб шуд ва чӣ тавре, ки маълум аст 28 -0, яъне дар 28 мусобиқа пирӯз омадааст. Ба фикрам, кулли мардуми мусалмон шодӣ карданд, вале дар шабакаҳо чунин суханҳо низ дида мешуд: “Ҳабиб ба мо чӣ дахл дорад? Ба ҳамватани худ ин қадар шодӣ кунед”. Фикри Шумо дар ин бобат?
— Ҳабиб, бегуфтугӯ қаҳрамони ҷаҳон аст. Муҳим нест, ки ӯ тоҷик аст ё доғистонӣ, муҳим он ки ӯ тавонист номи мусулмононро боло бардорад. Бархе мегӯянд, ки “Мусулмон набояд барои пул ҷанг кунад” ва амсоли инҳо, вале ӯ бо ин пулҳояш аллакай чӣ қадар бечорагонро ёрӣ додааст ва ба корҳои хайриявӣ сарф намудааст. Беш аз ҳама, бароям он писанд аст, ки ӯ ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман шахси тавоност. Мегӯянд, ки “Диндорӣ ба худаш, лозим нест, ки намоиш диҳад”, аммо на ҳама кас метавонад, ки дар байни миллион нафар дасташро ба дуо бардорад ва номи Худовандро зикр кунад. Ҳамчунин, виқору тамкини ӯ шоистаи таҳсин аст. Масалан, дар мусобиқа бо Конор нишон дод, ки “Ӯ марди майдон аст, на марди сухан”. Тоҷикистони мо варзишгарони хуб дорад, агар ягон варзишгари мо низ ба ин гуна қуллаи баланд расанд, чаро не, мо низ меболему фахр мекунем. Аммо ҳаминро низ бояд гуфт, ки дар 30 -солагӣ дар 28 мусобиқа пирӯз шудааст, ки ин кори содда нест. Умедворам, ки аз Тоҷикистони мо низ Ҳабибҳои дигар мебароянду ҷаҳонро тасхир мекунанд.
— Чанд нафар гуфтанд, ки Фараҳманд бисёр ҷавони савобҷӯй, ба мардум дасти ёрӣ дароз мекунад….
— Рости гап, “он гуна деҳ, ки дасти ростат аз дасти чапат бехабар монад”… Агар тамоми ҷаҳонро дода мешуд, медодем, лекин, мутаассифона, алҳол ин қудратро надорам… Ҳадди ақал як табассум, як сухани нек метавонад, ҷаҳонро иваз кунад, дилеро шод намояд. Агар коре кардем, танҳо барои розигии Худо ва хушнудии мардум.
— Шумо хеле ҷавони шӯх метобед, аммо маълум шуд, ки ҷаҳони маънавиятон бисёр обод. Як чизро низ пурсиданӣ ҳастам. Бисёре аз мухлисони Шумо ранҷидаанд, ки Фараҳманд ба паёмҳои ман посух намедиҳад, ҳавобаланд аст. Ба ин суханҳо посухи Шумо?
— Агар онҳо режими рӯзи санъаткорро медонистанд…. (механдад). Охир мо ғайр аз санъаткор будан, писари волидайн, донишҷӯ, коргар ҳастем. Ҳамаи онҳо вақт талаб мекунад. Рости гап, вақте интернетамро гиро мекунам, ҳазорҳо паём меояд, ҳарчанд кӯшиш кунам ҳам, наметавонам ҳамаашро хонам. Ҳозир асри техника, аз ин лиҳоз дар тамоми шабакаҳо фейсбук, вайбер, телеграм, ватсапп, инстаграм… аккаунт дорам ва тасаввур кунед, ки ҳар яки онҳо ҳазор -ҳазор дӯст дорад…. Аз мухлисони азизам хоҳиш менамоям, ки аз ман наранҷед, Шумо ҳастеду мо ҳастем, ҳамаи ин саъю кӯшиш, меҳнату шабҳои бехобӣ маҳз барои болида намудани рӯҳи Шумо. Ҳамчунин, аккаунтҳои зиёде таҳти номи ман хеле зиёданд, ки маълумотҳои маро мегузоранд ва шояд аз номи ман ҳар гуна суханҳо низ мегӯянд. Умедворам, ки мухлисони азизам ба доми ин гуна ашхос намеафтанд.
— Вақте суруди ошиқии Шуморо санг мешунавад, шояд пора -пора гардад. Нолаҳои аҷоиб доред. Ҳама ба Шумо ҳамин суолро медиҳад ва посух мегирад, ки “ошиқи зиндагӣ, ошиқи падару модар, ошиқи табиат”. Ба қавли русҳо “отмазка” мекунед. Танҳо як ҷавоб диҳед: Оё шоҳдухтари орзуҳоятонро дарёфт кардаед ё на?
— (Механдад) Дар ҷустуҷӯ ҳастам.
— Ин тавр, ки бошад, ба кулли духтарон муроҷиат намуда, мегӯям: “Имконият дар дасти Шумост!” Саломат бошед, Фараҳманди азиз, бисёр суҳбати ҷолиб доштем. Дар фарҷом пурсиданиям, ки оё дар Хуҷанд низ нақшаи консертмонӣ доред ё на? Дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузоштед, мухлисони Хуҷанд низ хеле интизоранд!
— Ташаккури зиёд. Албатта, дар нақша ҳаст. Мо алъон машғули сабти таронаҳои ҷадид ҳастем ва дар ояндаи наздик ҳатман пешкаши мухлисони азизи хуҷандшаҳр низ хоҳем кард.
— Ба киҳо арзи сипос мекунед?
— Нахуст ба падару модари бузургворам, ки пайваста дастгиру роҳнамоям ҳастанд, ба устодонам – шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона, ба ширкати “Панҷшер медиа” таҳти сарварии Элмуродҷон Махсумов, ба Баҳодурҷон Илҳомӣ, оне, ки сурудҳои маро сабт менамояд ва ба кулли мухлисону дӯстону ҳамдилони ман, ки моро пайгирӣ мекунанд. Ва ба Рустамҷони азиз, муассиси сомонаи Хит.тҷ ва дар симои эшон ба тамоми истифодабарандагону пайравону хонандагон гули сипос хадя мекунам. Таманно менамоям, ки то абад саодатманду нусратёру шодком бошанд! Амон бошед зи ҳар ранҷу балое! Бо иродат, Фараҳманди Шумо!

Комментарии (0)