Имрӯз 7-уми апрели соли 2018 аввалин гурӯҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба муносибати гусели наваскарон дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди ҷавонон, афсарону сарбозон ва фаъолони вилоят иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода изҳор дошт, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа ва ҳомиёни марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд ва ба ин қишри фаъоли ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода мешавад. Қайд гардид ки имрӯз 1043 нафар ҷавонон ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда мешаванд, ки далели худшиносиву худогоҳӣ ва масъулияту ҳисси баланди ватандӯстии онҳо мебошад.

Раиси вилоят аз аз ҷасорату мардонагии ҳомиёни Ватан изҳори хушнудӣ намуда ба падару модарон ва устодони ин ҷавонон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд анъанаи аёдати сарбозонро идома дода, барои волидон ҷиҳати аёдати сарбозон шароитҳои заруриро фароҳам меоварад.

Дар чорабинии мутантан бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии “нонгазон” низ сурат гирифт ва даъватшавандагон ин анъанаи мардумиро анҷом доданд.Сипас аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд ва даъватшавандагон якҷоя бо волидону пайвандон суруру шодмонӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист ки артиши миллӣ кафили амну субот ва оромии кишвар буда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат ба он таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса зоҳир намуда баҳри беҳтар шудани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ диққати ҳамаҷониба меиҳанд.Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меоранд,ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, қувваву тавони худро дареғ надошта, хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳро сарбаландонаву софдилона ба ҷо оварда рисолати хеш ва қарзи фарзандии худро дар баробари модар-Ватан иҷро намоянд.

Добавить комментарий

Войти с помощью: 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*