Ихтиёри Иқболшоҳ-яке аз санъаткорони писандида ва ҷавони  Хуҷандшаҳр мебошад. Номи аслии ӯ Ихтиёр Мақсудӣ буда, оғози фаъолияти ҳунарияш аз гурӯҳи овозадори “Иқбол” сарчашма мегирад ва айни ҳол дар алоҳидагӣ кору фаъолият дорад. Ихтиёри Иқболшоҳ 1-уми феврали соли 1991 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ, дар оилаи марди тоҷир дида ба олами ҳастӣ боз намудааст. Таҳсили ибтидоиро то синфи 6 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 гирифта, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии №2 супорида, таҳсилро дар он ҷо идома додааст.

Чуноне ки худи Ихтиёр мегӯяд, аз ӯҳдаи навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба монанди рӯбоб, гитор ва пианино ба хубӣ мебарояд. Пас аз хатми мактаби мусиқӣ Иқболшоҳ ҳуҷҷатҳои худро барои идомаи таҳсил ба шӯъбаи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида. Шояд аҷиб бошад, ки чаро падараш тоҷир асту худаш ҳуқуқшинос, вале дар ҷодаи санъат қадам мезанад?Дуруст аст, ки инсон ба хотири интихоби кардааш зиндагӣ мекунад. Меҳри санъат ҳам Ихтиёрро водор месозад, ки ба эҷод пардохта тарона сарояд. Чун меҳри санъат аз хурдӣ дар дили ӯ маъво гирифтааст.

Ихтиёр фарзанди дуввумини оила аст ва ду бардар дорад. Ихтиёр дар баробари санъат ба тиҷорат низ машғул аст ва ба корҳои падару бародаронаш кӯмак мерасонад. Қобили зикр аст ки  Ихтиёр дар авлодашон ягона нафарест, ки роҳи санъатро интихоб намудааст. Бар замми ин ӯ падарашро нахустин устоди хеш дар ин ҷода медонад. Мо ҳам хостем сари мавзӯи кору фаъолият ва рӯзгори Ихтиёр бо ӯ суҳбате дошта бошем.

Рустамбек: Салом! Шуморо аз сомонаи HIT.TJ ташвиш медиҳам. Оё Шумо фурсат доред, то каме доир ба кору эҷодиётатон саволуҷавоб карда бошем? Чун мухлисони Шумо ишқманди донистани баъзе маълумотҳо ҳастанд.

Ихтиёр: Ваалейкум бар салом. Бо камоли майл, чаро не.

Рустамбек: Хуб шурӯъ мекунем ба саволуҷавоб. Ихтиёр, Шумо дар санъат, суруд хондан, дар умум тарзу усули ба худ хос ё ба истилоҳ стили дигаргунаро доред. Шумо ҳангоми интихоб бештар ба чиҳо аҳмият медиҳед?

Ихтиёр: Бисёртар ба стили худам аҳмият медиҳам. Баъдан ҳар сурудеро ки ман мехонам, ҳангоми сабти клип ба он мувофиқ либос мепӯшам. Баъзан вақт ман ба суруд мувофиқ либос интихоб мекунам, баъзан вақт ман ба худ мақсад мегузорам ки фалон хел либос мепӯшам, ба ин мувофиқ суруд эҷод мекунам. Дар интихоб асосан ман бо тахайюли худам кор мекунам. Аз касе маслиҳат намепурсам. Фақат ҳангоми наворбардории клип вақте ман ба коргардонҳо чӣ гуна сабт карданро мегӯям, агар дигаргуни лозим бошад боз фикр мекунам. Ҳангоми интихоби матни сурудҳо агар бо шоир гӯем асосан ман бо устод Озарахш ва Виру Алиев ҳамкорӣ мекунам.

Рустамбек: Барои Шумо санъат чӣ аст: роҳи даромад, шуҳрат, ном баровардан ё ягон чизи дигар?

Ихтиёр: Ба фикри ман санъат як чизи аҷоиб аст, ки камтар агар санъаткор дигаргун шавад, аз саҳанаю аз санъат берун мешавад. Намедонам, ки дигарон хусусан дигар санъакорон чӣ фикр доранд, лекин ба назари ман санъати асил бо хун даромада бо ҷон мебарояд. Барои ҳамин ҳам агар санъаткор камтар худро гум кунад аз саҳна берун мешавад.

Рустамбек:Мо ҳамагон медонем ки Шумо дар оғози моҳи май консерти худро баргузор менамоед. Бигӯед ки ин консерт аз консертҳои қаблии Шумо чӣ тафовут дорад?

Ихтиёр: Бале ин консерти ман аз консертҳои қаблӣ фарқият дорад. Якумаш ин ки ин консерти ҳисоботӣ гӯем ҳам мешавад чун он бахшида ба 10-солагии фаъоляти эҷодии ман баргузор мегардад. Баъдан консерти мо танҳо аз рақсу суруд иборат нест мо бо сарпаратсон тасмим гирифтем ки барои мухлисон бозиҳои шавқовар гузаронем. Ҳатто он чипатҳои консерт ҳам дорои рақамҳои бурднок мебошад. Ва мухлисон инро дар ҷарайёни консерт бо чашми худ хоҳанд дид. Бигзор тӯҳфаҳо ва чӣ гуна бозиҳо буданаш барои онҳо сюрприз бошад. Чуноне ки ман гуфтам ин консерт бахшида ба 10-солагии фаъолияти эҷодии ман аст ва мо тасмим гирифтем ки ҳайати пурраи гуруҳи пештараи“Иқбол”-ро дар ин консерт сарҷамъ орем ва ба ин консерт Искандар Қаландаров, Фирдавс Муҳиддинов, Ҷамшед Исмоилов, гуруҳи “Вазир”, Шермуҳаммад Шерматов даъват шудаанд. Ногуфта намонад ки нафароне ки чипта мехаранд онро эҳтиёт намоянд, зеро дар онҳо рақамҳои бурднок мавҷуд аст.

Рустамбек: Имрӯзҳо хондани суруди як санъаткор аз тарафи дигар санъаткор зиёд ба назар мерасад. Оё бо Шумо низ чунин ҳолат рух додааст?

Ихтиёр: Бале суруди маро ҳам дигарон хондаанд, ман низ суруди дигаронро хондаам. Имрӯзҳо аслан санъатро сурудҳои эронӣ ва аврупоӣ ташкил медиҳад. Мардум вақте мефаҳманд ки сурдеро санъаткори дигар мехонад, мегӯянд ки ин дуздӣ аст. Ба назари ман ин хел нест. Агар санъаткор як нотаи сурудро дигаргун кунад, ё каме  ҳам рӯи он суруд кор кунад  ин дуздӣ нест. Мардуми мо фақат чизҳои ба худ наздикро мегиранд, маслан таронаи “Яблоко любви”-ро сарояндаи ӯзбек месарояд, дар асл ин таронаи ӯ нест аз они русҳо аст, вале мардуми мо ки таронаҳои снаъаткорони ӯзбекро зиёдтар гӯш мекунад инро таронаи санъаткори  ӯзбек меҳисобанд. Ба назари ман санъат ҳудуд надорад. Хондаи суруди дигар ё бозхонии он, агар бо риояи сохту равиш ва нозукиҳои он сурат гирад, бадие надорад.

Рустамбек: Ба ғайр аз санъаткор будан боз чӣ ҳунарҳо доред?

Ихтиёр: Ба ғайр аз санъаткор будан инчунин ман ба тиҷорат низ машғул ҳастам. Ростӣ ман аз иҷрои ҳама кор мебароям. Чӣ ҳунаре ки гӯед, чӣ кореро ки лозим аст ман аз ӯҳдааш мебароя. (механдад) Бовар кунед, агар электрик гӯед аз ӯҳдааш мебароям, мизу курсӣ сохтан лозим? – аз ӯҳдааш мебароям. Ягон асбобро таъмир кардан лозим, метавонам. Хулоса ман аз ӯҳдаи ҳама кор мебароям. Муҳим аз кор натарсидан. Мақсад гузоред, ҳамааш мешавад.

Рустамбек: Аз кадом минтақаҳои кишвар ва кадом кишварҳо дидан кардаед, ҳамчун сайёҳ?

Ихтиёр: Ман аз чанд минтақаҳои кишвар дидан кардаам. Инчунин дар чанд кишварҳои хориҷа низ будам аз ҷумла дар Россия, Туркия, Германия ва дигару дигар. Мехоҳам, ки боз сафар кунам ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз, тамошо намоям, инчунин ба хориҷа низ.

Рустамбек: Имрӯзҳо зиёд нафарон рӯ ба санъат меоранду зуд аз он даст мекашанд, дилсард мешаванд ва аз санъат рӯй мегардонанд. Ба назари Шумо чӣ боиси пойдории санъаткор дар ҷодааш мебошад: маблағ, таҳаммул, боварӣ ё омили дигар?

Ихтиёр: Агар ҳофиз дар ин ҷода натарсад пеш меравад. Дар санъат маблағ низ нақши калонро мебозад. Агар маблағ набошад санъаткор ба пеш рафта наметавонад. Агар санъаткор маблағ надошта бошад, аз саҳна берун мешавад. Ҳофиз бояд натарсад, бояд ки дигар санъаткорро рақиби худ наҳисобад. Тақлидкор набошад. Баъзеҳо ҳатто дар эҷод ҳам байни якдигар мусобиқа ё худ ба истилоҳ батл мекунанд, ки ба назари  ман  ин чиз низ ба санъаткор монеа мешавад. Баъзеҳо гумон мекунанд ки ҳамин ки ба саҳна баромаданду як суруд хонданд, дигар мардум ӯро ҳамчун ситора мешиносанд, ӯ ба истилоҳ хит мешавад. Вале вақте ки вориди санъат мешаванд он дар назарашон пур аз мушкилӣ менамояду оҳиста санъатро тарк мекунанд. Вақте ки як нафар ба худ мақсади санъаткор шуданро мегузораду вориди санъат мешавад, бояд ки устувор бошад кӯшиш кунад ки  санъатро тарк накунад. Кӯшиш кунад ки санъатро ба пеш барад. Ӯ бояд ки санъатро дӯст дорад, таҳаммул кунад, бо ҳама мушкилоту монеаҳояш, бо ҳама камиву костиҳояш бо шикасту муваффақиятҳояш бо барору нобарорӣ ва бо муваффақияту номуваффақиҳояш. Имрӯз  мушоҳида мешвад, ки санъати навини  нисбат ба баъзе кишварҳо на он қадар пеш рафта аст. Баъзе санъаткорон брои ақидаву фикри худашон кор мекунанд. Онҳо фикр мекунанд ки ба тӯю маъракаҳо раванд, даромади зиёд ба даст оранд, дигару дигар. Санъаткор бояд мақсади номдор шудан дошта бошад, бояд ки мақсади ба қуллаҳои баланд расиданро ба худ гузорад. Вақте ки ин чизҳо мешавад, тӯю маърака ва дигару дигар худаш меояд. Ҳамин аст ақидаи ман.

Рустамбек: Ихтиёр росташро гӯед оё боре шудааст ки байни Шумову дигар санъаткор якдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада бошад?

Ихтиёр: Ростӣ гап дар фаъолияти эҷодии ман чунин ҳолат ягон маротиба нашудааст. Шояд ин аз сабабе ки ман стили ба худ  хос дорам бошад. Ман ҳамин хел меҳисобам ки барои ман рақиб нест.

Рустамбек: Имрӯзҳо нафароне ки шавқу ҳавас доранд ё каме ҳам истеъдод доранд ба жанрҳои гуногуни санъат рӯ меоранд, нафаре реп дигаре шашмақом саввумӣ эстрада. Назари Шумо дар ин мавзӯ чӣгуна аст?

Ихтиёр: Ба назари ман ҳар санъаткор вобаста ба синну солаш суруд хонад. Имрӯзҳо мебинем, ки баъзе ҷавонон фикр мекунанд ки агар сурудҳои классикӣ хонанд зиёдтар машҳур мешаванд. Вале дар асл ин гуна нест. Таҷрибаву маҳорати ками онҳо имкон намедиҳад ки онҳо ингуна сурудҳоро хуб иҷро намоянд. Ин боиси дар ҷомеа обрӯю эътибор пайдо накардани онҳо мегардад. Барои  ҳамин ҳам хуб мешуд ҳар санъаткор ба синну солаш мувофиқ суруд эҷод кунад. Ва минбаъд кӯшиш намояд,ки дар ҳар жанре ки писандаш аст, худро биозмояд.

Рустамбек: Мегуфтед ки барномаи консертии Шумо аз чанд суруд иборат аст ва оё дар ин консер ҳастанд сурудҳои тозаэҷоде ки қаблан пешниҳоди мухлисон накарда будед?

Ихтиёр: Ҳоло нақшаи консерт пурра муайян нашудааст. Дар мавриди суруди нав, бале ҳаст ҳашт ё даҳто суруди тозаэҷоде ки дар ин барнома пешниҳоди мухлисон менамоям.

Рустамбек: Шумо аз мухлисонатон чӣ интизор ҳастед?

Ихтиёр: Ман бесаброна мунтазири баргузории консерт ҳастам. Ман мухлисони худро хело дӯст медорам. Ҳама талошу кӯшишҳои мо, эҷодиёти мо барои мухлисон аст. Ман мухлисони худро бе ҳад, бе ниҳоят дӯст медорам.

Рустамбек: Ба фикри Шумо санъаткори асил кӣ ҳаст ва санъатро шумо чӣ гуна мефаҳмед, чун баъзеҳо онро василаи шӯҳрат, баъзеи дигар манбаи даромад, баъзеи дигар ифтихор Шумо чӣ?

Ихтиёр: Ман фирк мекунам, ки санъаткоре ки худро санъаткори асил меҳисобад аслан ӯ санъаткор нест. Асил буданро халқ муайян менамояд. Аз ҳунари он нафар, аз истеъдоду таҷриба ва малакаву маҳорати он санъаткор халқ асил будан ё набудани онро муайян менамоянд. Ҳеҷ гоҳ санъаткор муайян карда наметаовнад ки ӯ асил аст ё на, чуноне ки гуфтем ин унвонро мардум муайян мекунанд.

Агар маро гӯед, дар асл ман барои номи худам кор мекунам. Ман ба тӯю маъракаву дигару дигар вобаста нестам. Ман кор мекунам барои инкишофи худ, пеш бурдани худ, барои ҳифзи мақоми худ. Вақте ки мақоми ҳофиз, санъаткор боло меравад шуҳраташ ҳам боло меравад.

 Рустамбек: Дар зиндагӣ зиёдтар аз чӣ метарсед?

Ихтиёр: Ман аз номардӣ метарсам. Аз номардии баъзеҳои ғаразнокона ба шахс ҳар гуна туҳматҳо мезананду дар асл ин гуна нест.

Рустамбек: Ихтиёр ба назари Шумо кадом сурудатон Шуморо зиёдтар байни мардум муаррифӣ кард?

Ихтиёр: Гуфта метавонам,ки сурди “Дӯстам”,”Чашмсиёҳ”,”Як дона гул”,”Модар”,”Рухшонаҷон”,”Гиря макун””Аз он рӯзе”,”Чашм ба чашм” ва ғайраҳо. Аслан мардум сурудҳои маро хуш қабул мекунанд. Қариб ки ҳамаи сурудҳои ман писанди мардум аст. Ҳар албоме ки ман пешниҳод менамоям аз он 3-4 тоаш хит мешавад. Агар давоми даҳ соли фаъолиятро ба ҳисоби миёна гирем ба ғайр аз албом ман 10 суруд эҷод намуда бошам зиёда за сад адад суруд мешавад. Инчунин 10 адад албом дорам, ки шумораи таронаҳои дохили албом низ аз сад зиёд аст.

Рустамбек: Таманниётҳои Шумо ба кулли ҳамватанон.

Ман таманно дорам ки ҳамеша тинҷи бошад, оромиву осудагӣ бошад. Мардуми тоҷик ҳамеша хушбахт, хурсанд бошанд. Кишвари мо ободу озоду осуда бошад ҳамеша. Ороми ки бошад тӯю маърака низ мешавад, рақсу суруд низ мешавад. Ман ба кулли сокинони кишвар муроҷиат карда гуфтаниям, ки мо ҳамеша дар хизмати халқ, дар хизмати халқи азиз ва шарафманди хеш ҳастем. Ман кулли ҳамватанонро ба консерти хеш даъват мекунам, марҳамат мо барои Шумоёни азиз талош мекунем, эҷод мекунем то Шумо болидахотир бошед, хурсанд бошед, хушбахт бошед.

Рустамбек: Назаратон доир ба сомонаи мо чӣ гуна аст?

Ихтиёр: Сомонаи HIT.TJ хуб аст. Аҷоибот. Ман намегӯям ки аз ҳама  беҳтарин аст чун ҳоло барои беҳтарин шудан боз кор кардан лозим. Ба Шумо офарин мегӯям, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонистед ки мавқеи намоёнро ишғол намоед. Аҳсан. Мо ҳар навгоние ки даи ҷодаи санъат дорем кӯшиш мекунем ки нахсутин шуда тариқи сомонаи Шумо пешниҳоди мухлисон намоем. Ба Шумо муваффақиятҳои аз ин ҳам беҳтарро таманно дорам. Ба кулли истифодабарандагони сомона низ тансиҳативу хонаободӣ ва рӯзгори хушу осударо таманно менамоям.

Рустамбек: Ба Шумо низ ташаккур, ки вақти қиммати худро дареғ надошта розӣ шудед то ба суолҳои мо посух гуфта бошед. Бароятон муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем. Як ҷаҳон ташаккур!

Ихтиёр: Ба Шумо низ барои таваҷҷуҳатон ташаккур. Саломат бошед!

Сӯҳбаторо ва муҳаррир: Рустамбек Аҳмадзода

Добавить комментарий

Войти с помощью: 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*