Зарнигори Зар алакай ин ном байни дилдодагони савту наво маҳбубияти хоса  пайдо кардааст. Дар муддати хеле кутоҳ бо суруду оҳангҳои дилнишин дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Ӯ  бо меҳр месарояд то оҳангҳояш ба умки дили шунаванда тор бизанад. Зарнигор хеле ҷавон аст, вале бар замми ҷавон будан боҳзам кӯшиш ба харҷ медиҳад то мухлисонашро шод намояд барои ҳамин пайваста дар эҷод асту баҳри мухлисонаш месарояд, оҳангҳои ҷаззобро омода мекунад.

Имрӯз мо сӯҳбате оростем бо ин бонуи зебову хушгуфтор, ки ин лаҳза манзуратон мегардонем.

Юлдузой: Салом арз мекунам Зарнигор дар ин дақиқаҳо Шуморо аз сомонаи HIT.TJ ташвишатон медиҳем.

Зарнигор: Ваълейкум салом бисёр шод гаштам аз суроғатон ва аз ин фурсат истифода бурда  саломи худро ба кормандони сомона ва истифодабарандагони он мерасонам.

 Юлдузой:  Оё Зарнигор барои посух гуфтан ба суолҳои мо омода аст?

Зарнигор: Албатта омода ҳастам ва ин лаҳза бо ҷону дил ба суолҳоятон посух хоҳам дод.

Юлдузой: Ташаккур! Чи гуна вориди саҳнаи ҳунар гардидед, касе монеъаи касби интихобкардаи Шумо нашуд?

Зарнигор: Аз хурди орзуи сароянда шуданро доштам ва албатта бо дуои падару модарам, пайвандон вориди саҳна шудам, касе монеъа нашуд, баракс дастгириям намуданд.

Юлдузой:  Сири муваффакиятҳои Шумо дар чист?

Зарнигор: Ягон сир надорад, танҳо кӯшиш менамоям то суруду клипҳои баландмазмунро манзури мухлисонам намуда дили онҳоро шод намоям ва ин ҳама муваффақиятҳои ман бевосита бо дастгирии мухлисони азизам аст.

Юлдузой:  Матни сурудҳоятонро ки интихоб мекунад ва бештар аз шеърҳои кадом шоирон истифода  мебаред?

Зарнигор: Дар интихоби матни суруд ба касе бовари надорам ва худ интихоб мекунам бо шоирони зиёд ҳамкории зич дорам, бозҳам худ ба наздики ду шеър омода намудаам «Ноз мекунам» ва дуюминаш «Ёрам мон» ном дорад, ки ба наздики ба самъи мухлисонам бо оҳангаш мерасад.

 

Юлдузой: Аз ин бармеояд, ки кам кам шоира низ ҳастед ҳаминтавр не?

Зарнигор: Бале камтаракак ҳунари шеърнависи дорам ва оянда кӯшиш мекунам бо дастгирии шоирон шеърҳои нав нависам.

Юлдузой: Ягон орзуе доред, ки то хол амали нагаштааст?

Зарнигор: Орзуҳои зиёдеро дар дил мепарварам, ман фикр мекунам агар орзу самими аз таҳти дил бошад амали хоҳад шуд.

Юлдузой: Мо медонем, ки Зар тахаллуси Шумо аст. Чаро маҳз Зар-ро интихоб намудед?

Зарнигор: Чун медонем ҳама бонуҳо зар-ро (тиллоро) дӯст медоранд ва инчунин модарам Заррина ном доранд ба ҳамин хотир тахаллуси Зарро интихоб кардам.

Юлдузой: Агар сароянда намешудед кадом касбро пешаи худ мекардед?

Зарнигор: (механдад) Ман бозҳам сароянда мешудам зеро ҳаёти худро бидуни ин касбам тасаввур карда наметавонам.

Юлдузой: То ба имрӯз чанд суруд омода намудаед?

Зарнигор: Зиёда аз 40 сурудро таҳия ва тақдими мухлисон кардам.

Юлдузой: Гирди номатон овозаҳои зиёде паҳн гардидааст. Рӯзи гузашта аз сомонаи иҷтимоии «Facebook» мусоҳибаеро дидам, ки гӯё бо Шумо баргузор шудааст, моро ба ҳайрат гузошт. Оё он ҳама навиштаҳо хақиқат дорад?

Зарнигор: Ин навиштаҳо ҳақиқат надорад! Ман бо касе аз он сомонае ки гап меравад ҳамсӯҳбат нашудаам, ин ҳама суханҳои бофтаву дурӯғ гирди номи ман аст, ки кадом нотавонбине омода кардааст. Ба мухлисонам танҳо мегӯям, ки ба ин гуфтаҳо бовар накунанд, ин танҳо дар ҳаққи ман тӯҳмат буд. Шавҳарам  соҳибкор ҳастанд!

Юлдузой: Аз гуфтаҳоятон бармеояд, ки ин мусоҳиба ягон ҳақиқате надоранд?

Зарнигор: Бале ин ҳама дурӯғ аст, намедонам мақсади нафаре, ки ҳамин корро кардааст чист? Ман ин корро ба ҳолаш намегузорам! Он нафаре, ки дар ҳақам чунин овозаҳоро паҳн кард ба Суд медиҳам.

Юлдузой: Зарнигор фурсате фаро расид то ба суолҳои мухлисонатон ҷавоб гуфта бошед.

Саволи 1 аз Дилафрӯз ва Саидахон мебошад, ки мазмуни суолҳояшон шабеҳи ҳамдигаранд:

Хоҳарчони азиз! овозатон хаста нагардад, мухлиси ашаддии Шумо ҳастам танҳо бароятон муваффақиятҳо хоҳонам. Шумо оиладоред ҳастед? Агар махфи набошад соҳиби фарзанд ҳастед ё не?

Зарнигор:  Сипос азизакам, оиладор ҳастам аммо ҳоло фарзанд надорам.

Саволи 2 аз Диля: Зарнигор кай дар кучҷо таввалуд шудаанд?

Зарнигор:  Саломат бошед хоҳарҷон, ман зодаи шаҳри Хуҷанди Бостони ҳастам.

Саволи 3 аз Шаҳром Раҳматуллоев: Салом. Зарнигори Зар мехоҳанд бо ман дует хонанд?

Зарнигор. Чаҳони сипос бародар агар матну оҳанг мувофиқат кунад чаро не?

Саволи 4 аз Бувоҷон: Мехоҳем бифаҳмем нақшаҳои ояндаатонро?

Зарнигор: Нақшаҳо хеле зиёданд, таҳияи сурудҳо ва клипҳои нав, боз консертҳо барои мухлисонам гузорам, бозҳам кушиш дорам то берун аз Тоҷикистон низ худро, санъатамро муаррифи кунам.

Юлдузой: Зарнигор ташаккур мегуем, ки бо сомонаи мо ҳамкори доред баҳратон аз сомонаи HIT.TJ ҳамчун тӯҳфа як «Фотосессия» тӯҳфа карда мешавад.

Зарнигор: Хеле хушҳол гаштам, ташаккури зиёд барои тӯҳфа, барои сӯҳбат.

Юлдузой:  Дар охир чи гуфтаниҳо доред?

Зарнигор: Таманноям бигзор мухлисонам саломату сарбаланд бошанд. Ба корҳои Шумо низ муваффақиятҳои беназирро хоҳонам, бовари дорам сомонаи HIT.TJ дар байни сомонаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ҷойи худро ишғол мекунад. Танҳо ба пеш!

Юлдузой: Ташаккур, ба Шумо низ қуллаҳои баланди эҷодиро хоҳонем.

Суҳбаторо: Юлдузой  Мирзоева

Добавить комментарий

Войти с помощью: 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*