Зарнигори Зар – ин ном вирди забони ҳамагон аст, мешиносанду мухлисаш ҳастанд ва дусташ медоранд.Ӯ зодаи ш. Хуҷанд буда дар синни 13 солаги қадами аввалини хешро ба ҷодаи санъат гузоштааст. Ба санъаткорони Аврупо тавваҷуҳи зиёд дорад, мехост мисли онҳо  сароянда шавад ва ба қуллаҳои баланди эҷоди расад, ин орзуяш буд, ки то ин дам машҳураш кард ва ҳоло дар байни мардум эътибор ва мақоми хоса дорад. Айни ҳол ӯ соҳиби оила буда аз зиндагиаш рози мебошад.

Унвон: Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -дорандаи дипломи дараҷаи 1,

Соли 2013 дар озмуни “Арӯси арзанда” иштирок намуда сазовори ҷои аввал гаштааст.

Имрӯз сомонаи HIT.TJ тасмим гирифт бо ин сарояндаи ҷавону умедбахш як мусоҳибае орояд ва пешкаши мухлисонаш гардонад.

Саидмухтор: Салом Зарнигор ин лаҳзаҳо Шуморо аз сомонаи HIT.TJ ташвиш медиҳем ва мехостем, ки бо Шумо саволуҷавоб намуда бошем.

Зарнигор: Ваълейкум салом хеле шодам, ки бо Шумо ҳамсуҳбат ҳастам.

Саидмухтор: Ташакури зиёд. Дар ибтидо Шуморо бо дастоварди навинатон (аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) шодбош гуфта, барояатон аз ин ҳам қуллаҳои баландро орзу дорам, мегуфтед, ки сирри ин дастовардатон дар чист?

Зарнигор: Барои ҳар як санъаткор ин ифтихор аст, ки барояш ин унвонро медиҳанд, яъне Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ман ифтихор мекунам, ки маро лоиқи ин унвон донистанд, ин ҳама бо дастгирии мухлисон аст.

Саидмухтор: Ҳамагон медонанд, ки Шумо дар филми “Меҳмони нохонда” яке аз нақшҳои асосиро бозидаед, магар сурудҳони ба дилатон зад, ки рӯ ба синамо овардед?

Зарнигор: Сурудхони вазифаи авалиндараҷаи ман аст, тарк намекунам ва ба дилам низ назадааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳаминтавр ҳаст, ки ман дар филми “Меҳмони нохонда” бози кардаам, режисёри филм дусти наздикам Алишер Равшанов рӯзе ба ман занг заданд ва пешниҳод намуданд, ки дар ҳамин филм нақшофари намоям. Рости дар ҳамон лаҳза дар ҳоли сабт  килип қарор доштам. Барояшон гуфтам, ки сенарияи он агар писандам ояд рози мешавам. Пас аз хондани сенария бароям нақши Азиза писанд омад ва рози  шудам. Ман аслан орзу мекардам, ки дар ягон филм нақшофари намуда ҳунари худро нишон диҳам ва худро бисанҷам, ки оё аз ӯҳдааш мебаромада бошам. Мухлисонам филмро хуб пазируфтанд аз ин хеле шодам.

Саидмухтор: Ман низ дар баробари мухлисонатон ин филмро тамошо намудам ва фикр мекунам, ки дар нақшофари муваффақ ҳам шудед… Нақшофарӣ бароятон мушкил набуд?

Зарнигор: Санъати синамои миллӣ фикр мекунам пас аз 4-5 сол боз ҳам беҳтар мешавад. Душвориҳо дар ҳама соҳа мавҷуд аст, аммо барои ман душвориҳо буд фикр мекунам аз ӯҳдааш баромадам. Барои клип сабт кардан як ҳафта ё ду ҳафта мегузарад аммо барои сабти як саҳнаи филм як руз мегузарад. Хеле душвори буд аммо паси сар шуд. Вақти зиёди ман дар сабти ин филм гузашт афсус намехурам баракс хурсанд ҳастам, дар ин филм нақш офаридам.

Саидмухтор: Алишер писари деҳоти, Шумо бошед духтари шаҳри ҳастед, дар филм ба Алишер дил мебандед магар ошик ба писари деҳот шудед?

Зарнигор: На ошиқ нашудаам, ин ки сенария буд иҷро намудам. Ман ба зиндаги ва санъатам ошиқ ҳастам.

Саидмухтор: Шумо қаблан Алишерро бо мошин задеду аз ҷои ходиса ғайб задед оё виҷдонатон азоб надод?

Зарнигор: Дар қисми дуввуми филм мебинед, ки Азиза дилаш бар Алишер месузад ва автомобили худро мефурушад ва барои табобати Алишер он маблағҳоро сарф мекунад. Гуфторе ҳаст, ки мегӯянд меҳр дар чашм аст. Азиза хатогии худро мефаҳмад ва ислоҳ мешавад. Дар зиндаги инсони раҳмдил ҳастам.

Саидмухтор: Агар боз дар ягон филми дигар коргардон бароятон офаридани накши асосиро пешниҳод намояд, рози мешавед?

Зарнигор: Ҳамон вақт рози мешавам, ки писандам ояд.

Саидмухтор: Мехсотам каме аз лаҳзаҳои наворбардорӣ гуфта бошед, бештар барои Шумо чӣ ҷолибтар ё хотирмонтар буд?

Зарнигор: Лаҳзаҳои хотирмон дар нақш офари зиёд буданд, яке аз онҳо ман бо санъаткор ва ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон Марям Исоева бо ҳам дар як филм бози кардем, ки як лаҳзаи хотирмони филм ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамон нафар нозукиҳои нақшофариро аз худ кардам ва фаҳмидам, ки ҳаёти синамо дигар будааст.

Саидмухтор: Хонаводаатон пас аз бозидани ин накши Шумо чӣ назар доранд? Оё оилаатон зид набаромадан?

Зарнигор: На онҳо баракс тарафдори намуданд ва дастгирҳам карданд, то дар ин филм нақшофари намоям.

Саидмухтор: Мегуфтед, ки мардум дар кӯча бо Шумо пас аз иҷрои нақши Азиза чи гуна муносибат мекунанд?

Зарнигор: Аслан ман дар кучаҳо кам мегардам, вале ба маъракаҳо, ки меравам бисёриҳо ба ман менигаранд ва Азиза гуён муроҷиат ҳам мекунанд ва бо ман акс мегиранд. Бисёриҳо мегӯянд, ки Зарнигор бисёр хуб бози кардед нақшро, ба мо хеле писанд омад ва ман боз дучанд хурсанд мешавам.

Саидмухтор: Дар филм дидем, ки Шумо аз ӯҳдаи хӯрокпази наонқадар хуб мебароед, оё дар асл ҳамингунааст ё кадбонуи моҳир ҳастед?

Зарнигор: (Хандакунон) Худ таърифкуниро дӯст намедорам, дар нақш бояд духтари шаҳриро бози карданам лозим буд. Азиза бояд хӯрок пухта наметавонист. Аммо дар асл аз уҳда пухтани хурок хуб мебароям. Бештарин вақти ман бо санъат мегузарад аммо ба пухту паз низ ҳангоми бекори машғул мешавам.

Саидмухтор: Аз пухтани кадом намуди хӯрок мебароед?

Зарнигор: Қариб, ки аз пухтани ҳамаи хӯрокҳои милли мебароям, аммо бештар ош ва мантуро мепазам.

Саидмухтор: Мавзӯъҳои асосии сурудҳоятонро чи ташкил медиҳад ва бештари кадом мавзӯъҳоро интихоб мекунед?

Зарнигор: Агар пай бурда бошед, ман бештар мавзӯъҳои ишқиро интихоб мекунам ва мухлисонам низ ҳаминро дархост мекунанд ман сухани онҳоро қадр мекунам бе мухлисонам ба пеш рафта наметавонам.

Саидмухтор: Мехостам назари Шуморо доир ба сомонаи HIT.TJ шунида бошем?

Зарнигор: Сомонаи HIT.TJ яке аз сомонаҳои беҳтарин аст ва фикр мекунам дар оянда аз ин ҳам беҳтар мешавад. Ба тамоми хонадагони сомона пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ,хонаободӣ ва дар корҳояшон барору муваффақият ва барояшон фатҳи қуллаҳои баландро таманно дорам. Бигзор ҳамеша истифодабарандагони асили HIT.TJ бошанд.

Саидмухтор: Чи нақшаҳо доред, ки амали шуданашро дар соли 2018 мехоҳед?

Зарнигор: Нақшаҳо зиёд аст дар соли 2018 барои мухлисонам албоми наверо пешкаш мекунам насиб бошад рӯзҳои наздик дастрасашон мешавад.

Саидмухтор: Аз ин зиёд вақти Шуморо намигирем. Ман аз номи худам ва аз номи маъмурияти сомона ба Шумо миннатдории зиёд баён менамоя, ки вақти қиммати худро дареғ надошта ба саволҳои мо посух гуфтед. Таманнои онро дорем, ки дар ҷодаи санъати сурудхони ва филмофарӣ ба муваффақиятҳои бештари даст ёфта дар рушд ва муаррифи санъати тоҷик ва синамои миллӣ муваффақ гардед. Умед бар он мекунем, ки Шумо  бо сурудҳоятон на танҳо дар дохили Ҷумҳури балки хориҷ аз кишвар низ машҳур мешавед. Саломату  сарбалнд ва муваффақ бошед!

Зарнигор:Ташакаккури зиёд барои су?бат.?амеша бо сомонаи хит.т? бимонед.

Мусоҳибагиранда: Саидмухтори Саиданвар.

Добавить комментарий

Войти с помощью: 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*