Сардор Раҳимхон соли 1981 дар шаҳри Тошкенти Ҷумурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Сардор Раҳимхон сурудхониро аз овони ҷавони дӯст медошт, аммо ӯ дар Донишгоҳи техникӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҷо таҳсил намуд. Бо вуҷуди ин, касби (ихтисос) автоматизатсияи электронӣ махсусан ба ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир намекард, бинобар ин, ӯ рӯзе аз радиои маҳалли дарбораи кастинг огоҳ шуд ва дар он озмун иштирок намуд. Ӯ аз як рақобати ҷиддии радиои гузашт ва қадами аввалро ба касби ояндаи худ гузошт. Волидононаш рози набуданд, ки писари онҳо роҳи шоу бизнесро омӯзад.

Маҳмудхон Аҳрори: Салом аввал Шуморо ба шаҳри Хуҷанд хуш омадед мегӯем.

Сардор Раҳимхон: Ассалому Алейкум ташаккури зиёд.

Маҳмудхон Аҳрори: Албатта аз дидани Шумо бе ҳадду канор хурсанд ҳастем. То ҷое иттилоъ дорем таи чанд рӯз аст, ки Шумо дар ҶТ қарор доред бигӯед, ки таъсуротатон чи гунна аст ва Шуморо чи гунна пешвоз гирифтанд мухлисон:

Сардор Раҳимхон: Шахсан ман 10 сол ин ҷониб ин консертро интизор будам. Бори охир соли 2006 ман ба Тоҷикистон омада будам. Он вақт дар шаҳри Турсунзода консерти баргузор карда будем. Аз ин хотир барои ман аз ҳама консерти деринтизортарин аст. Ҳамзамон барои мухлисони тоҷикзабонам низ чунин буд. Барои ҳамин таъсуроти ман хеле калон аст. Аз ҳама муҳимаш он меҳру муҳаббат самимият ва оқибат байни мо ҳеҷ сарҳад надошт. То ҳамон андозае консерти мо ба дил наздик сипари гардид, ки онро фаромӯш карда намешавад. Он наворҳое, ки дар инстграм ҷой гирифтааст метавонед тамошо кунед, ки то кадом андоза ман хурсанд ва мухлисони ман хурсанд буданд. Аз ин лиҳоз таъсуроти ман олам олам. Аммо сад афсӯс, ки он суханҳо ва баъзе сурудҳое, ки ман бояд барои мухлисонам пешкаш мекардам барои ҳамааш вақт кифояги накард.

Маҳмудхон Аҳрори: То ҷое хабардор ҳастам нахуст консерти Шумо аз шаҳри Душанбе оғоз гардид сипас дар Қубодиён баъдан дар шаҳри Хуҷанд бигуед, ки кадоме аз онҳо барои Шумо хотирмонтарин сипари шуд?

Сардор Раҳимхон:  Рости ҳар як консерти мо ба худ хос буд, мисол дар шаҳри Душанбе як ҳолате, ки дар ҳаётам бори аввал содир гардид яке аз мухлиси ашадиам ба ман асп тӯҳфа кард, ки ман худ дар ҳаярат мондам. Дар Қубодиён бошад ба худ хос мухлисон қарсак мезаданд симимияти онҳо ҳеҷ ҳадду канор надошт. Аслан мо санъаткорон танҳо ба симимиятгароии мухлисон такя мекунем. Ман як чиро қайд кардани ҳастам, ки ин консерти нахустини ман дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад аз ин лиҳоз ман ба онҳо гуфтаниҳои зиёд дорам ва мехоҳам сурудҳои зиёд барояшон сароям ба мисоли «Ишонмасман» «Самарқандниг гузали» «Назар-назар» ва умед дорам, ки консерти ман дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд мегузарад.

Маҳмудхон Аҳрори: Чанде пеш боз як суруди нав аз ҷониби Шумо ва Ҷонибек Муродов руи саҳна омад ва он сурудро шумо бо забони тоҷикӣ сароидед, бигӯед ки бароятон мушкил набуд?

Сардор Раҳимхон: Эҷод шудани ин суруд хеле шавқовар буд рости ман забони тоҷикиро намедонам, локин ба гуфти Ҷонибек ва дигар мухлисони тоҷикзабонам тарзи сароиданам маълум нашудааст бисер зебо сароидем. Рости ман интизор набудам аз баски қобилияти шунавоиам хуб аст ба суруд сароидани Ҷонибек хеле диққат додам ва кӯшиш кардам то ҳамроҳаш сароям. Намедонам аз чи сабаб бошад, ки ман сурудҳои фарсизабонро бе мушкили месароям мисол сурудҳое, ки бо забони англиси ё чини бошад шояд душвари кашам локин сурудҳои фарсизабон ба ман мушкили эъҷод намекунад. Ҷонибек ба ман кӯмак расонид суруди мо дар муддати кӯтоҳ ба қалби мухлисон ҷой гирифт ман аз ин хурсанд ҳастам. Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ин сурудро хеле дархост карданд ва дар вақти иҷрои ин суруд ҳама ҳамроҳи мо месароиданд. Ин суруд дар ҳақиқат ҳам дӯстигии байни ду давлатро ифода мекунад ва дар ҳақиқат ҳам мардуми тоҷику ӯзбек он қадар ҳам ба ҳам наздик ва монанд ҳастанд, ки онҳоро аз ҳамдигар фарқ карда намешавад. Ҳатто чеҳраамон тарзи  либоспӯшиамон хӯрок хӯриамон урфу одатҳоямон тамоман як аст ва анаҳамин суруди «Дӯстон» тӯҳфаи ман барои халқи тоҷик буд.  Аз ин хотир ман мехостам аз ин пас марудми тоҷик низ ба Ӯзбекистон ташриф оранд мисол ба наздики консерти Ҷонибек дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Ин албатта хуб аст мо натанҳо ду давлати ҳамсоя ҳатто бо ҳамдигар хеш ҳастем зеро имрӯзҳо кам нестанд шахсоне, ки аз Тоҷикистон ба худ арӯс интихоб кардаанд ё ин ки баръакс аз ин лиҳоз ин хуб аст.

Маҳмудхон Аҳрори:  Чихеле, ки худи Шумо қайд кадред 10 сол қабл ба Тоҷикистон омада будед ва ин лаҳза ба мухлисонатон боз кадом сол ва ё кадом рӯзро ваъда медихед ки ба дидорашон бармегардед.

Сардор Раҳимхон: Анакнун аз ман халоси нест аз ин пас ҳар моҳ кӯшиш мекунем  на танҳо дар консертҳо балки дар тӯю маъракаҳои Шумоён ба дидорбинии Шумоён меоям ва Шумоён низ азизон ба кишвари мо ташриф оред мо Шуморо бе саброна ва бо оғӯши гарм интизор ҳастем, ва Шуморо интизор ҳастем.

Маҳмудхон Аҳрори: Ниҳоятан таманиёти махсуси Шумо ба мухлисонатон

Сардор Раҳимхон:  Ба мардуми Тоҷикистон ман ҳамеша сиҳату саломати, умри дароз хохонам. Аз ҳама муҳимаш тинҷиву хотирҷамъи ҳукмрон бошад. Кишварҳоямон обод бошад ба орзуҳоямон бирасем, ҳамеша ба дилҳоямон суруд ҷо ёбад зеро сурудро инсон кадом вақт мешунавад ҳамон вақте, ки ватанаш обод хонааш ором бошад ва дар ҳамон маврид ба дили инсон суруд ҷо меёбад. Орзу мекунам, ки ҳамеша туй бошад ва ҳамеша ба рӯзҳои хурсандии мухлисонамон ойем. Шуморо хеле дӯст медорам бо эхтиром Сардор Раҳимхон.

НАВОР:

Cӯҳбаторо Маҳмудхон Аҳрори

Добавить комментарий

Войти с помощью: 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*